Июл 13, 2017 09:01 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи домана дар Хатлон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иллати ибтилои 5 нафар аз сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлонро ба бемории домана, нӯшидани оби олуда ва ғайрибеҳдоштӣ эълом кардааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, дар баёнияи расмии ин вазоратхона таъкид шудааст, ки баррасиҳо нишон медиҳад, ин афрод ба иллати нӯшидани об ҷӯйбори олуда ба фозилоб ба бемории домана мубтало шудаанд.

 Бар асоси баррасиҳои коршиносони ин вазоратхона, ба далели набуди шабакаи оби ошомидании тоза теъдоде аз сокинони ноҳияи Бохтар бидуни иттилоъ аз олудагии ҷӯйборҳо аз оби онҳо нӯшида ва акнун дар бемористон таҳти дармон қарор гирифтаанд.

Мушоҳидот нишон медиҳад, ки дар бархе аз манотиқи рустоии ноҳияи Бохтар фозилоб мустақиман ба ҷӯйҳо мерезад, ки имкони густариши бемориҳои гузаранда ва хатарнок дар фасли гарморо афзоиш медиҳад.

Чанд рӯз қабл Камолиддин Сироҷиддинов,коршноси умури об дар Тоҷикистон омили аслии дастрасӣ надоштани мардуми ин кишвар ба оби ошомидании тозаро набуди зерсохтҳои кофӣ ва созмонҳои маблағгузори таъмини об ном бурда буд.

Вай таъкид карда буд, ки бо вуҷуди захоири обии зиёд дар Тоҷикистон, ин кишвар дар миёни 177 кишвари ҷаҳон дар таъмини оби ошомидании тоза дар ҷойгоҳи 158 –и ҷаҳонӣ ва дар радифи охири кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил қарор гирифтааст.