13 сол зиндон барои узви гурӯҳи “салафия” дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19978-13_сол_зиндон_барои_узви_гурӯҳи_салафия_дар_Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “салафия” ба 13 сол зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 13, 2017 10:57 Asia/Dushanbe
  • 13 сол зиндон барои узви гурӯҳи “салафия” дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “салафия” ба 13 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванди ин кишвар А. Муъминовро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “салафия” ба 13 сол зиндон маҳкум кард.

Муъминов дар давроне, ки ба унвони коргари муҳоҷир дар шаҳри Қазон, маркази ҷумҳурии Тотористони Русия машғул ба кор буд, бо фарде ба номи Б. Шарифов, аз аъзои гурӯҳи “салафия” ва созмон террористии Ҷабҳаи Аннусра ошно шудааст.

 Вай сипас таҳти таъсири таблиғоти ин фард узви гурӯҳи мамнуаи "салафия" шуд ва тасмим гирифт ба Сурия биравад.

А. Муъминов бо сафар ба Туркия муддате дар яке аз мадориси исломии ин кишвар таҳти омӯзиш қарор гирифт ва сипас дар сафар ба Сурия ва ҳангоми убур аз марзи Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

 Додгоҳи олии Тоҷикистон дар солҳои 2009 ва 2014 фаъолияти салафиҳоро дар ин кишвар мамнуъ ва ин гурӯҳро ифротӣ эълом кард.

Гузоришҳо дар мавриди ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар даргириҳои Сурия ва Ироқ баёнгари он аст, ки бештари ин афрод пайравони гурӯҳи “салафия” будаанд.