Мамнӯияти вуруди 10 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ба Тоҷикистон
Раиси ожонси «Тоҷикстандарт» гуфт, тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мақомоти зирабти ин кишвар аз вуруди ҳаҷми зиёде аз колоҳои ғайрстандартии хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
Ибодуллоҳ Қурбониён, раиси ожонси «Тоҷикстандарт»-и Тоҷикистон дар суханоне ба ташреҳи мамнӯияти воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз бархе кишварҳо ба Душанбе пардохт. Ин масъули тоҷик дар ин хусус гуфт, мамнӯияти воридоти бархе маҳсулоти хориҷӣ ба ин кишвар бинобар бесифату ғайрстандартӣ будани онҳо будааст. Қурбониён дар идома гуфт, танҳо дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз содироти 10 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ба бозори Тоҷикистон ҷилавгирӣ шудааст. Ӯ дар идома афзуд, тайи ин муддат аз вуруди маҳсулоти ғайристандартии тавлиди Туркия, Малайзия, Олмон, Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ пешгирӣ шудааст. Ӯ хотирнишон кард, аз воридоти маҳсулоти бесифати тамоми кишварҳо ба бозори Тоҷикистон ҷилавгирӣ мешавад. Ин масъули тоҷик идома дод, барои мисол, 9 тонна аз ҳаҷми куллии маҳсулоти ғайрстандартие, ки аз сӯйи мақомоти зирабти кишвар кашф шуда, марбут ба гӯшти мурғи тавлиди Туркия ва 109 тоннаи дигар равғани хурмои Малайзия мебошад.
Қурбониён гуфт, дар бархе аз колоҳои эронӣ номи тиҷории маҳсул дарҷ нашуда ва илова бар ин мушкилоте бо муддати масрафи коло вуҷуд дорад. Ӯ ҳамчунин хотирнишон кард, колоҳо ва маҳсулоти босифати эронӣ дар бозорҳои Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки масолеҳи сохтмонӣ ва мавод барои шустушӯ аз ҷумлаи онҳо мебошад.