Июл 15, 2017 09:37 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи ҷиноии кормандон Ожонси мубориза бо фасоди молӣ ба додгоҳ

Парвандаи ҷиноии 5 корманди аршади Ожонси мубориза бо фасоди молӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба Додгоҳи олии ин кишвар ирсол шуд.

Ба гузориши “ТОП. тҷ”, манобеи наздик ба гурӯҳи бозрасии фаъолияти кормандони боздоштшудаи Ожонси мубориза бо фасоди молӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтаанд, ки парвандаи ҷиноии Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси ин ожонс, Фирӯз Холмуродзода, мудири идораи таҳқиқ ва бозпурсӣ, Фирдавс Абдуғаффорзода, мудири идораи нахусти ин ниҳод, Фахриддин Бозоров, мудири идораи Хадамоти гумрук, Фаридун Беназирзода, муовини собиқи гумруки Хуҷанд барои муҳокима ва судури ҳукм ба додгоҳи олии ин кишвар ирсол шудааст.

Бештари иттиҳомоти афроди боздоштшуда дасткорӣ ва сохтакории асноди марбут ба ғайримақсаднок истифода бурдани пули давлат дар тарҳҳои сохтмонӣ дар шаҳрдории Душанбе дар даврони масъулияти шаҳрдори собиқи пойтахти Тоҷикистон ва сӯйистифода аз вазифаи давлатӣ дар ташкили парвандаҳои ҷиноӣ аст.

 Ҳамчунин эълом шудааст, ки алайҳи Фирӯз Холмуродзода иттиҳоми пулшӯӣ барои тавҷеҳи манобеи молие, ки аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадааст, матраҳ аст.

 Аз теъдоди афроди боздоштшуда, бештарашон кормандони пешини Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон буда ва 3 нафар низ аз мақомоти Додситонии кул ва Хадамоти гумруки ин кишвар ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир таърихи оғози муҳокимаи ин 5 корманди пешини Ожонси мубориза бо фасоди молӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Додгоҳи олии ин кишвар эълом нашудааст. Аммо муҳокимаи Хайрзода ва Холмуродзода пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон баргузор хоҳад шуд.