Июл 15, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Ду филми коргардонҳои тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон

Осори коргардонҳои тоҷик Умедшоҳ Мирзоширинов ва Сафарбеки Солеҳ дар феҳристи номзадҳои сездаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон қарор гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ба нақл аз равобити умумии Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон, ин озмуни ҳунарӣ ва фарҳангӣ аз 5 то 11-уми сентябр дар пойтахти Тотористон баргузор мешавад ва дар он 60 филм аз 27 кишвар намоиш дода хоҳад шуд, ки дар ин феҳрист ду филм аз сохтаҳои коргардонҳои тоҷик- “Мушкилкушо” аз Умедшоҳ Мирзоширинов ва “Комил” аз Сафарбеки Солеҳ низ қарор доранд.

Филми “Мушкилкушо” дар бахши филмҳои ҳунарӣ бо сохтаҳои 10 кишвари дигар рақобат хоҳад кард. Ин филм дар бораи ишқи духтари тоҷики муҳоҷир дар Русия аст, ки дар Маскав мушкилоти зиёдеро пушти сар гузоштааст.

Филми “Комил” дар бахши филмҳои мустанад намоиш дода мешавад. Ин филм аз зиндагӣ ва фаъолияти коргардони номии Шӯравӣ - Комил Ёрматов ёд мекунад.

 Ҷашнвораи байналмилалии филми мусалмонии Қазон аз соли 2005 баргузор мешавад ва то соли 2010 ҷашнвораи “Минбари тиллоӣ” ном дошт. Ин ҷашнвораро Вазорати фарҳанги Тотористон, шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиҳои Русия бо пуштибонии раҳбари Тотористон баргузор мекунанд.

 Имсол 782 коргардон аз 61 кишвар дархости ширкат дар ин ҷашнвораро дода буданд, аммо доварони озмун танҳо 60 филмро барои ширкат дар озмун баргузиданд.