Июл 16, 2017 09:41 Asia/Dushanbe
  • Аксари  тоҷикони муқими Санкт Петербург дар бахши сохту  соз фаъолият мекунанд

Теъдоди шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Санкт Петербург ва навоҳии атрофи он ба 100 ҳазор нафар мерасад, ки дуввумин ҷамъияти бузурги хориҷиҳои сокин дар ин минтақа ба ҳисоб меоянд.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, рушди сареъи шаҳри Санкт Петербург дар нимаи дуввуми даҳаи 1990 мӯҷиб шуд, ки бахши сохту соз дар дуввумин шаҳри бузурги Русия, заминаи ҷазби ҳазорон коргари муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистонро фароҳам созад.

   Ба далели боло будани мизони ҳуқуқ ва дастмузди коргарони сохтмонӣ дар ин шаҳр, ки бо ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварашон қобили муқоиса нест, ҳазорон нафар аз шаҳрвандони зери 40 соли ин кишвар ба тадриҷ бо сокин шудан дар шаҳри Санкт Петербург иқдом ба интиқоли хонаводаҳои хеш, дарёфти мақоми шаҳрвандии Русия, кор ва зиндагӣ дар ин минтақа карданд.

   Акнун теъдоде аз ширкатҳои сохтмонсозӣ дар шаҳри Санкт Петербург тавассути тоҷикон мудирият мешавад, ки аксари коргарони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва дар рақобати шадид бо ширкатҳои туркӣ ба муваффақиятҳои қобили мулоҳизае даст ёфтаанд. Зоҳид Саидов, мудири яке аз ширкатҳои сохтмонсозии мавсум ба "DADL" аз Тоҷикистон мебошад, ки аксари коргаронаш тоҷикистониҳо ҳастанд ва тайи 3 соли ахир тавонистааст, дар умури сохту соз ба яке аз ширкатҳои муҳим ва саршинос дар дуввумин шаҳри бузурги Русия табдил гардад.