Июл 17, 2017 16:22 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти вуруди беш аз ду ҳазор тоҷикистонӣ ба Туркия

Вазорати кишвари Туркия дар гузорише таҳти унвон «Муборизаи Туркия бо ДИИШ» аз вуҷуди ду ҳазору 651 шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи афроди мамнуулвуруд ба ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати кишвари Туркия дар гузорише бо унвони «Муборизаи Туркия бо ДИИШ», аз ҳузури 2 ҳазору 651 шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи афроди мамнуулвуруд ба ин кишвар хабар дод .

Номи ин афрод ба далели иртибот бо террористҳо ва убур аз манотиқи даргири ҷанг, дар феҳристи афроди мамнуулвуруд ба Туркия сабт шудааст .

Аз оғози даргириҳо дар Сурия, токунун 308 шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи мақомоти Туркия боздошт ва ба Душанбе истирдод шудаанд .

Ин афрод дар манотиқи марзии Туркия ва Сурия дар ҳоле, ки қасди пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро доштанд, боздошт шудаанд .

Дар маҷмуъ дар феҳристи афроде, ки аз вуруд ба Туркия маҳрум шуданд, наздик ба 54 ҳазор нафар аз 146 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд .

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, атбои тоҷикистонӣ бештарин фаровониро дар ин феҳрист доранд .

Қазоқистон пас аз Тоҷикистон бо ҳазору 914 шаҳрванд, дуввумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки вориди феҳристи сиёҳи Туркия шудааст .