Ихтилофоти марзии Душанбе ва Тошканд ҳал мешавад
(last modified Mon, 17 Jul 2017 12:55:04 GMT )
Июл 17, 2017 17:55 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофоти марзии Душанбе ва Тошканд ҳал мешавад

Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон гуфт: Ихтилофоти марзии Душанбе ва Тошканд танҳо дар 93 километр аст, ки ба зудӣ ин ихтилоф низ бартараф мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт: Душанбе қасд дорад, дар ояндаи наздик масъалаи таъини ҳудуди марзии худ бо Узбакистон ва Қирғизистонро ба итмом расонад.

Аҳмадзода афзуд: Тоҷикистон бо Узбакистон дар мавриди таъини ҳудуди ҳазору 240 километр аз марзи муштараки ду кишвар ба тавофуқ расида ва қарордоде низ дар ин бора имзо кардаанд ва фақат бар сари ҳудуди 93 километр байни 2 кишвар ихтилофоте боқӣ мондааст, ки дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд .

Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон гуфт: Душанбе чунин иқдомеро дар мавриди таъини ҳудуди марзӣ бо Қирғизистон низ дар дастури кор дорад .

Аҳмадзода бо ишора ба 970 километр марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт: 519 километр аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ аломатгузорӣ шуда ва асноде байни ду кишвар дар ин замина ба имзо расидааст .