Парвандаи 10 мансабдори агентӣ ба додгоҳи олӣ ирсол шуд
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, парвандаи 10 мансабдори собиқи Агентии мубориза бо коррупсия ва 3 мансабдори сохторҳои дигар барои муҳокима ба дасти Додгоҳи олӣ расидааст.
Ба иттилои сайти Додгоҳи олии Тоҷикистон, Шермуҳаммади Шоҳиён, дар нишасти хабариаш барои муҳокима ба дасти Додгоҳи олӣ расидани парвандаҳои 10 мансабдори дар гузашта баландпояи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва се мансабдори собиқи сохторҳои интизомиро тайид намуд. Онҳо асосан ба қаллобӣ ва гирифтани пора айбдор мешаванд.
Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, Додгоҳи олӣ ба зудӣ ба муҳокимаи парвандаҳои Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Агентии мубориза бо коррупсия, Фирӯз Холмуродзода, собиқ сардори раёсати тафтишоти ин Агентӣ ва дар маҷмӯъ 10 мансабдори собиқи ин идора шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи Шоҳиён, парвандаҳои мазкур ба таври махфӣ тафтиш шудаанд ва рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии онҳо пушти дарҳои баста оғоз мешавад.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар пасманзари парвандаҳои зидди мансабдорони Агентӣ бархе парвандаҳое, ки тафтишашон қаблан аз сӯи онҳо анҷом шуда буд, аз ҷумла парвандаи соҳибкори шинохта Зайд Саидов, шояд бозбинӣ шавад. Вале Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, парвандаҳои қаблии ин мансабдорони боздоштшуда мавриди бозбинӣ қарор нахоҳанд гирифт.