Июл 18, 2017 10:24 Asia/Dushanbe
  • Дастури вазири тандурустии Тоҷикистон: Аз пӯшидани либоси бегона даст кашед

Насим Олимзода супориш додааст, ки пушидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад.

Бино ба иттилоъи Спутник, ин нуктаро вазир дар ҷаласаи натиҷагаирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои беҳдоштиву дармонӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон гуфтааст.

Дар ин росто вазир Насим Олимзода супориш додааст, ки дар ҳама бунгоҳҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои пизишкӣ гурӯҳҳои корӣ барои таблиғи ин қонун ташкил карда шаванд.

“Пӯшидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад”, гуфтааст вазир.