Интерпол: Ҳазфи номи Ҳалимов аз феҳрасти муҷримон сиҳҳат надорад
(last modified Tue, 18 Jul 2017 11:50:49 GMT )
Июл 18, 2017 16:50 Asia/Dushanbe
  • Интерпол: Ҳазфи номи Ҳалимов аз феҳрасти муҷримон сиҳҳат надорад

Пулиси Байналмилалӣ гузориши расонаҳои Тоҷикистонро дар мавриди ҳазфи номи Гулмрод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик аз феҳрасти афроди таҳти таъқиби ин созмон рад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, намояндаи Интерпол дар мусоҳиба бо хабаргузории ОИР "Новости" дар ин замина гуфтааст, номи ин фармондеҳи аршади ДИИШ дар феҳрасти афроде ворид шудааст, ки бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал таҳти таъқиби вижа қарор доранд.

Расонаҳои Тоҷикистон пеш аз ин аз ҳазфи исми Гулмурод Ҳалим‎ов аз феҳрасти афроди таҳти таъқиби Пулиси Байналмилалӣ аз шонздаҳуми июл хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Интерпол дар Тоҷикистон пок шудани номи даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик, аз ҷумла Ҳалимов аз феҳрасти Пулиси Байналмилалиро ғайримумкин ва иллати ин рӯйдодро мушкили фаннӣ эълом карда буд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи дастаи таъйиноти вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 27-уми майи соли 2015 нопадид шуд ва як моҳ баъд бо интишори видеое аз пайвастани худ ба ДИИШ хабар дод.