Талош барои бозгушоии роҳи Душанбе – Хоруғ
Нерӯҳои имдодии Тоҷикистону Чин барои бозгушоии роҳи иртиботии Душанбе – Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки бар асари селу тӯғёни оби рӯдхонаи марзи Панҷ аз ҳаштуми июл баста шудааст, талош мекунанд.
Ба гузориши “Спутник”, Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, дар пайи талошҳои нерӯҳои имдодии Тоҷикистону Чин роҳи рустои селзадаи Хостави ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон бозгушоӣ шуда, расондани кумакҳои аввалия ба сокинони ин минтақа афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Асламшоева, бо вуҷуди инфиҷори бахше аз садде, ки дар пайи резиши кӯҳ дар маҷрои рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвоз ба вуҷуд омада буд, ҳанӯз ҳам 300 метр аз роҳи иртиботии Душанбе – Хоруғ баста аст. Барои инфиҷори ин садди маҷрои рӯди Панҷ низомиёни рус беш аз 100 килограмм маводи мунфаҷира истифода карданд, аммо садро пурра нест карда натавонистанд.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳаштуми июл дар пайи бориши борону ҷорӣ шудани сели шадид дар қаламрави Афғонистон ва боло омадани оби дарёи Панҷ 22 манзили маскунӣ дар рустои Хостави ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зери об монда, ба роҳи Душанбе – Хоруғ низ хисорот ворид шудааст.
Бар асоси омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, аз оғози имсол бар асари ҳаводиси мухталифи табиӣ дар ин кишвар 27 тан ҷони худро аз даст додаанд ва ба манозили маскунию таъсисоти зербиноии ин ҷумҳурӣ низ зиёнҳои фаровоне ворид шудааст.