Ҳашт сол зиндон барои мубаллиғи ДИИШ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд яке аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи андешаҳои гурӯҳи такфирӣ – террористии ДИИШ ба 8 сол зиндон маҳкум кард.
Тавре хабаргузории “Азия плюс” гузориш дод, Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Абубакр Боймуҳаммадови 28- соларо ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолиятҳои таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ ба 8 сол зиндон маҳкум кард.
Зоирҷон Боҳирзода, қозии ин додгоҳ гуфтааст, ки Абубакр Боймуҳаммадов, ки дар шаҳри Душанбе коргари сохтмон будааст, 4 нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия даъват кардааст.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи апрели имсол Абубакр Боймуҳаммадовро дар қаламрави вилояти Суғд боздошт кардаанд.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран эълом карданд, ки ҳазору 124 шаҳрванди ин кишвар дар Сурия ва Ироқ ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста ва наздик ба 300 нафар аз ин афрод дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.