Зарина Раҳмон – духтари президенти Тоҷикистон вазифа гирифт
(last modified Wed, 19 Jul 2017 06:59:28 GMT )
Июл 19, 2017 11:59 Asia/Dushanbe
  • Зарина Раҳмон – духтари президенти Тоҷикистон вазифа гирифт

Расонаҳои Тоҷикистон аз таъйини Зарина Раҳмон, яке дигар аз фарзандони Эмомалӣ Раҳмон ба унвони муовини раиси бузургтарин бонки ин кишвар хабар доданд.

Бар асоси гузориши “СА – нюз”, Зарина Раҳмон, духтари 23- солаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини раиси “Ориёнбонк” таъйин шудааст.

Мудирияти ин бонк бар ӯҳдаи Ҳасан Асадуллоҳзода, бародари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст.

Зарина Раҳмон таҳсилкардаи Англия аст ва муддате низ гӯяндаи ахбори англисии Телевизиони давлатии Тоҷикистон (шабакаи якум) будааст.

Ин фарзанди Эмомалӣ Раҳмон бо писари Бег Зуҳур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон издивоҷ кардааст.

Аз 9 фарзанди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, илова бар Зарина Раҳмон, ки муовинати “Ориёнбонк”-ро бар ӯҳда гирифтааст, Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва Рухшона Раҳмонова низ ба тартиб шаҳрдори Душанбе, раиси Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва муовини бахши равобити байналмилалии Вазорати умури хориҷаи ин кишвар ҳастанд.