Шиносоии 284 минтақаи ҳодисахез дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20318-Шиносоии_284_минтақаи_ҳодисахез_дар_Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шиносоии 284 минтақаи ҳодисахез дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 20, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 284 минтақаи ҳодисахез дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шиносоии 284 минтақаи ҳодисахез дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Кумитаи ҳолаҳои фавқулоддаи  Тоҷикистон, генерал Рустам Назарзода таъкид кардааст, ки дар ин манотиқ беш аз сад ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ки бо хатари сел, рониши замин, туғёни рӯдхонаҳо ва дигар ҳаводиси табиӣ рӯ барӯ ҳастанд.

Назарзода бо баёни ин ки ин кумита дар шароити изтирорӣ аз болгардҳои Вазорати дифои Тоҷикистон истифода мекунад гуфтааст, ки Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда  ба далели набуди халабон ва мутахассис наметавонд, ҳатто як адад болгард дар ихтиёр дошта бошад, то дар мавқеиятҳои изтирорӣ, ба осебдидагони ҳаводиси табиӣ, ёрӣ расонӣ кунад.

Ба гуфтаи Назарзода дар ҳаводиси мухталифи табиӣ дар ин кишвар, дар шаш моҳи нахусти имсол, 27 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Назарзода афзуд, ҳамчунин дар тобистони имсол 63 нафар ба иллати ноошноӣ бо усули шино дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон ҷон бохтаанд.

Вай мизони хисороти ҳаводиси табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро дар ин муддат, як миллиону 500 ҳазор доллар эълом кард.

Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулоддаи  Тоҷикистон ҳамчунин аз бозгушоии роҳи иртиботии Душанбе – Хоруғ дар рӯзҳои пеши рӯ хабар дод.

Роҳи Душанбе - Хоруғ бар асари сел ва туғёни оби рӯдхонаи марзи Панҷ аз ҳаштуми июл баста шудааст.