Июл 23, 2017 13:35 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ

 Дар Тоҷикистон Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ оғоз ба кор кард.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сойти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 22 июл бо ҳузури Муҳаммадсаид Саидзода, муовини вазири корҳои дохилӣ ва дигар масъулон ва мақомоти қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон, Шабакаи ягонаи иттилоотии ин ниҳод дар сохтмони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ муаррифӣ шуд ва фаъолияти худро оғоз кард.

  Муҳаммадсаид Саидзода роҳандозии ин шабакаро дар чорчӯби гузар ба давлати электронӣ, як гоми мусбат арзёбӣ кард ва афзуд, оғоз ба кори ин марказ дар пешгирӣ аз бурузи ҳаводиси ронандагӣ дар роҳ ва ҷодаҳо, дастрасии сареъ ба иттилооти лозим ва осонсозии хидматрсонӣ ба шаҳрвандони кишвар мусоидат хоҳад кард.

  Вай ҳамчунин таъкид кард, ҳадаф аз роҳандозии ин шабака камӣ ва кайфии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, таъмини фаврият ва назорат, осонӣ барои гирифтани мадорик, коҳиши ҳазинаҳо ва ҷилавгирӣ аз фасод аст.

   Тибқи оморҳо дар солҳои ахир, ҳаводиси ронандагӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва хисороти молӣ ва ҷонии фаровоне дар пай доштааст.

  Ба андешаи коршиносон вуҷуди фасод ва ришвахорӣ ҳангоми дарёфти гувоҳиномаи ронандагӣ, яке аз далоили аслии афзоиши ҳаводиси ронандагӣ дар Тоҷикистон аст.

 

Барчасп