Июл 24, 2017 09:45 Asia/Dushanbe
  • Муҳокима ва боздошти чаҳор тоҷик дар Русия

Додгоҳи низомии шаҳри Екатеринбург дар минтақаи Урали Русия, муҳокимаи се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ оғоз карда ва як ҷавони тоҷик, низ дар Русия ба иттиҳоми кӯмаки молӣ ба ДИИШ боздошт шудааст.

   Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сойти “Ural.aif.ru” мақомоти қазоии Екатеринбург иттиҳоми ин се тоҷикистонии боздошт шударо таъсиси гурӯҳе ба номи “Роҳанамо” ба сӯи “Давлати исломӣ” (ДИИШ), барои таблиғи афкори ин гурӯҳи террористӣ ва ҷазби афрод ба узвияти он, эълом кардаанд.

   Номи ин се шаҳрванди Тоҷикистон Мустафо Нуралиев, Садриддин Насриддинов ва Абдуррашид Ҷовидӣ эълом шудааст.

   Зокир Юсупов аз аъзои аслии гурӯҳи “Роҳнамо” ба сӯи ДИИШ, ки қаблан ба 16 сол зиндон маҳкум шуда ва бо мақомоти қазоии Русия ҳамкорӣ кардааст, акнун ба унвони шоҳид дар раванди муҳокимаи се шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дорад.

   Хабаргузории русии ТАСС ҳам бо истинод ба манобеи амниятии Русия, аз боздошти як ҷавони 26 солаи тоҷик ба иттиҳоми кӯмаки молӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

   Ин манобеъ эълом кардаанд, ки шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон пас аз як сол мукотиба бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳи такфирӣ кӯмаки молӣ кардааст.

   Мақомоти қазоии Русия мегӯянд, ки иттиҳоми кӯмаки молӣ ба созмонҳои террористӣ бар асоси қавонини ҷиноии ин кишвар метавонад, то 20 сол зиндонро барои муҷримон ҳамроҳ дошта бошад.

   Мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия эълом кардаанд, ки тайи солҳои ахир аз ҷазби беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии ДИИШ ҷилавгирӣ кардаанд.

   Аз сӯи дигар Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки 80 дарсад аз шаҳрвандони ин кишвар, ки бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, дар қаламрави Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд.

  Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, мушкилоти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маишатии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия мӯҷиб мешавад, ки онон фиреби таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ-ро бихӯранд.

 

 

Барчасп