Афзоиши нақдинагӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон
(last modified Mon, 24 Jul 2017 15:12:29 GMT )
Июл 24, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нақдинагӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз вуҷуди 9 миллиарду 900 миллион сомонӣ пӯли нақд дар муомилоти молии ин кишвар хабар додааст.

Ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ба манзури таъмини ниёзи бозори муомилоти дохилӣ бо пули нақд дар шаш моҳи нахусти имсол 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ искинос мунташир шуда, ки 14,3 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст .

Танҳо дар шаш моҳи нахусти имсол, ҳаҷми пулҳои нақди захира дар Тоҷикистон бо наздик ба 2 дарсад афзоиш ба 12 миллиарду 300 миллион сомонӣ расида ва мизони пули нақд дар муомилоти дохилӣ 17,8 дарсад афзоиш ёфтааст .

Аз сӯи дигар, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири масъулони ин бонк дар Душанбе гуфтааст, ки ба далели фарсудагии пулҳои 1, 3 ва 5 сомонӣ, дар шаш моҳи нахусти имсол 343 миллион сомонӣ аз рада хориҷ шуд .

Ба гуфтаи Нуралиев, Бонки миллии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба ҷои пулҳои хурд, тангаҳои филизӣ зарб хоҳад кард .

Вай ҳамчунин аз музокира бо Сандуқи байналмилалии пул барои дарёфти 500 миллион доллар қарз то поёни имсол барои кумак ба беҳбуди фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон хабар дод .