Июл 25, 2017 08:48 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба иттиҳоми кумаки молӣ ба ДИИШ

Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба манобеи амниятии Русия аз боздошти як ҷавони 26 солаи тоҷик ба иттиҳоми кумаки молӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории ТАСС, ин манобеъ эълом кардаанд, ки шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон пас аз як соли мукотиба бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин созмони такфирӣ кумаки молӣ кардааст .

Бар асоси ин гузориш, фарди боздоштшуда умдатан бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ аз тариқи Вайбер шабакаи иҷтимоии Одноклассники дар иртибот буда ва ба ин созмони такфирӣ кумаки молӣ кардааст .

Мақомоти қазоӣ мегӯянд, ки иттиҳоми кумаки молӣ ба созмонҳои террористӣ бар асоси қавонини ҷиноии Русия метавонад то 20 соли ҳукми зиндонро барои афроди муттаҳам дар пай дошта бошад .

Мақомоти хадамоти амнияти федерали Русия эълом кардаанд, ки таи солҳои ахир аз гароиши беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии ДИИШ ҷилавгирӣ кардаанд .

Аз сӯи дигар, Юсуфи Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки 80 дарсад аз шаҳрвандони ин кишвар, ки бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурияву Ироқ рафтаанд, дар қаламрави Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд .

Коршиносони тоҷик муътақиданд, мушкилоти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маишатии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия муҷиб мешавад, ки ин афрод таҳти таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ қарор бигиранд .