Ҷилавгирии қочоқи доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20514-Ҷилавгирии_қочоқи_доруворӣ_аз_Афғонистон_ба_Тоҷикистон
Гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи маводи доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 25, 2017 05:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирии қочоқи доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи маводи доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.

Ба иттилои «Ховар», дар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён», зимни муоинаи гумрукии нақлиёти боркаши «Дулон», рақами қайди давлатиаш ТҶ 36 — 14 ВК 01, ки аз ҷониби шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон Т.И. идора мегардид, 186 дона маводи дорувории «Gelofusine», 7 ҳазору 500 ампула маводи дорувории «Diazepam  injection» ва 840 дона балзами «Clometasol 0.05%» ошкор ва мусодира намуданд.

Манбаъ итттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд Т.И. мехост бидуни назорати гумрукӣ ва  санадҳои тасдиқкунанда маводҳои дорувориро ба қаламрави Тоҷикистон ворид намояд.

Гуфта мешавад, ки нисбат ба шаҳрванд Т. И. бо моддаи 200 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол гардидааст.