Тоҷикистон дар пайи тағйири корбарии масҷидҳо
Шаҳрдори шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ахиран аз тағйири корбарии теъдоде аз масҷидҳои ин шаҳр ва табдили онҳо ба коргоҳу чойхона тайи нимаи аввали соли ҷории мелодӣ ба баҳонаи надоштани иҷозати фаъолият хабар додааст.
Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар маркази вилояти Суғд 4 масҷид тағйири корбарӣ додааст. Вай далели таваққуфи фаъолияти ин масҷидҳо ва тағйири корбарии онҳоро наздик будан ба дигар марказҳои ибодатӣ ва надоштани ҳуҷҷату санадҳои ҳуқуқии зарурӣ барои идомаи фаъолият донистааст.
Пеш аз ин низ фаъолияти бархе аз масҷидҳо дар Тоҷикистон ба баҳонаи надоштани иҷозатномаи фаъолият мутаваққиф шуда буд.
Дар ҳоле ки пас аз ҳар бори таваққуфи фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон мақомоти тоҷик тағйири корбарии онҳоро манъе барои маҳдудияти озодии фаъолияти марказҳои ибодии мусалмонон намедонанд, аммо иддан аз коршиносон ва оммаи мардум ин рӯйкарди дастгоҳҳои давлатиро сирфан иқдоме ҷиҳати маҳдудияти фаъолиятҳои динӣ дар кишвар маънидод мекунанд.
Дар воқеъ пружаи исломситезӣ дар Тоҷикистон аз замоне шурӯъ шуда, ки мақомот бо ҳадафи муқобила бо ифротгароӣ тайи даъвате аз ҳамаи донишҷӯёни мадрасаҳои динии хориҷ аз Тоҷикистон хостаанд то ба кишвар бозгарданд.
Судури ин муҳлати ниҳоӣ барои бозгардонидани донишҷӯён ва ҳамзамонии он бо тасвиби лоиҳаи масъулияти падару модар дар тарбияти фарзандон, ки ба сабаби он волидайн бояд монеъ аз ҳузури фарзандони ноболиғ дар масҷидҳо шаванд, ин ҳадсро тақвият месозад, ки бозтаърифе дар Қонуни асосӣ сурат гирифта, ки дар он ба таври ошкоро бар озодиҳои иҷтимоиву фаъолиятҳои динӣ ва мазҳабии мардуми тоҷик таъкид шудааст.
Бар ин асос, фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротгарову заъфи давлат дар фаҳмондадиҳиву муаррифӣ ва низ тафовут байни Исломи сиёсӣ аз “догматизм” (хушкандешӣ)-и исломӣ ва ифротгароӣ, роҳи ҳалли масъалаи исломгароӣ ва истифода аз потенсиали мавҷуди ин рӯйкард дар тақвияти иқтидори миллӣ ва эҳёи амнияти кишвар дар ҳазфи исломгароӣ ва иҷрои сиёсати исломситезиро аз ин зовия метавон баррасӣ кард.
Тағйири корбарии масҷидҳо дар Тоҷикистон рӯйкарде аст, ки пеш аз ин дар ҷумҳурҳое назири ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба иҷро гузошта шудааст. Бидуни ин ки ҳатто дар тактикаҳову рафтори нерӯҳои давлатӣ алайҳи муъминони ҷомеа ва омӯзаҳои ноби исломӣ тағйире эҷод кунад.
Аз ин рӯст, ки сиёсати исломситезӣ ба рафтори ҳамсон дар кишварҳое назири Эрони пеш аз инқилоби исломӣ ва ҳатто Туркияи имрӯзӣ, ки тайи беш аз 15 соли гузашта даврае аз ҳукумати Ҳизби исломгарои Адолат ва Тавсеаро таҷриба мекунад, натавонистааст дар моҳияти рӯйкарду исломхоҳии мардуми ин кишварҳо халале эҷод кунад.
Мисоле ки шояд мақомоти Тоҷикистон лозим бошад бо мутолеаи таърихи таҳаввулоти ин кишварҳо ва албатта истифода аз таҷрибаи номуваффақи давлати Бокӯ дар муқобила бо исломгароӣ биомӯзанд ва ба баҳонаҳои беасосе назири надоштани иҷозатномаҳои ҳуқуқӣ монеъ аз фаъолияти маоҷидҳо ва умури динӣ ва эътиқодии мардум нашаванд.
Сенарияе, ки аз соли 2011 дар Тоҷикистони калид хӯрдаву ҳамчунон дар ин кишвар иҷро мешавад ва дар маҳфилҳои динӣ ва мунтақидони давлати Душанбе аз он ба унвони нақзи ҳуқуқи мусалмонон ва маҳдуд кардани озодиҳои эътиқодӣ ном бурда мешавад.