Июл 26, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Худдории Тоҷикистон аз пазириши шартҳои созмонҳои молии ҷаҳонӣ

Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Рушди Осиё аз додани кӯмаки молӣ ба Тоҷикистон худдорӣ карданд.

Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ таъкид кардааст, ки ба далели худдории ҳукумати Тоҷикистон аз пазириши шартҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи зарурати ислоҳоти иқтисодӣ дар ин кишвар, бонкҳои Тоҷикистон аз дарёфти кӯмаки молии 200 миллиондолларии ин ниҳодҳо маҳрум мешаванд.

Яке аз намояндагони Тоҷикистон, ки дар музокироти ҳайати ин кишвар ва Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Иттиҳоди Аврупо ширкат кардааст, гуфт, ки яке аз шартҳои ин 3 ниҳод тағйири мудирияти ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ва таҳияи барномаи дарозмуддати ислоҳоти сохтории бонкӣ ва молӣ буд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ин тарҳ мувофиқат накард.

Вай ки тамоюле ба ифшои номи худ надошт, афзуд, бар ин асос Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Иттиҳоди Аврупо аз вогузории кӯмаки 200 миллиондолларӣ барои хуруҷи бонкҳои Тоҷикистон аз буҳрони молӣ худдорӣ карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ахирҳои соли 2016 эълом кард, ки барои наҷоти 4 бонки буҳронзадаи ин кишвар 3 миллиарду 320 миллион сомонӣ кӯмаки молӣ ҷудо мекунад.

Аммо кӯмаки молии ҳукумат барои беҳбуди авзои ин бонкҳо мусоидати чандоне накард ва ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” бо эъломи варшикастагӣ аз идомаи фаъолият маҳрум шуданд ва акнун бояд бо фурӯши амволи худ қарзҳои давлатӣ ва амонатҳои муштариёнашонро бозпардохт кунанд.

Иқтисодшиносони тоҷик яке аз омилҳои варшикастагии бархе бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурду миёна дар Тоҷикистонро коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия дар 3 соли ахир медонанд, ки сабаби эҷоди ошуфтагӣ дар бозори муомилоти дохилии ин ҷумҳурӣ шудааст.

 

Барчасп