Июл 26, 2017 09:19 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистониҳо бештарин зиндониёни хориҷӣ дар Русия

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бештарин шумори зиндониёнро дар Русия ташкил медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар зиндонҳои Русия 29 ҳазору 397 зиндонии хориҷӣ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки 8 ҳазор нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Узбакистониҳо бо 6 ҳазору 362 зиндонӣ ва украиниҳо бо ҳазору 761 нафар пас аз Тоҷикистон дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор доранд.

Дар маҷмӯъ 618 ҳазору 490 нафар дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, ки камтар аз 5 дарсади онон шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоии Русия 90 дарсад аз шаҳрвандони хориҷӣ дар зиндонҳои ин кишвар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир, қатл, дуздӣ ва ҷурмҳои ахлоқӣ маҳкум шудаанд.

Каримҷон Ёров, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Ёров дар айни ҳол афзуд, вале иддае ҳам бо иттиҳомоти сохтагӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ки ба далели бархурди шадиди мақомоти полис исботи бегуноҳии ин афрод дар додгоҳҳои Русия душвор аст.

 Гурӯҳе аз коршиносони тоҷик тарҳеро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардаанд, ки ҳадаф аз он омодасозии коргарони ҷавони ҷӯёи кори ин кишвар барои фиристодан ба Русия аст.

Ин тарҳ, ки омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ ва ошноӣ бо қонунҳои ҳуқуқӣ ва одобу русуми мардуми ин кишварро шомил мешавад, метавонад аз афзоиши ҷурму ҷиноят дар миёни коргарони муҳоҷири тоҷик пешгирӣ кунад.

 

Барчасп