Тоҷикистон ва Покистон дар КАСА - 1000 танҳо мемонанд
Тӯлонӣ шудани музокироти кишварҳо ва созмонҳои ширкаткунанда дар тарҳи КАСА - 1000 иҷрои ин тарҳро ба Тоҷикистон ва Покистон маҳдуд мекунад.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, мақомоти Афғонистон эълом кардаанд, ки дар ин тарҳ харидори барқ нестанд ва танҳо дар транзити барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Аз сӯйи дигар, Зулфияи Мурод, коршиноси умури энержӣ дар Қирғизистон мегӯяд, кишвараш ҳатто дар фасли тобистон аз Тоҷикистон наздик ба 200 миллион киловатт соат барқ ворид мекунад ва дар беш аз ду даҳаи охир дар ин кишвар ҳеҷ нерӯгоҳи обии ҷадиде сохта нашудааст, ки имкони содироти барқ аз тариқи хати КАСА – 1000 - ро дошта бошад.
Ин дар ҳоле аст, ки акнун мавзӯи азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ матраҳ аст, ки имкони тақсими барқ миёни кишварҳои минтақа дар тобистон ва зимистонро фароҳам хоҳад кард.
Бонки Рушди Осиё низ, ки дар ибтидо мутааҳҳид шуда буд, ки 40 дарсад аз сармояи сохт хати КАСА- 1000 – ро таъмин кунад, дар соли 2012 ба баҳонаи набуди амният дар Афғонистон аз мушорикат дар ин тарҳ худдорӣ кард.
Бар ин асос ва ба гуфтаи коршиносон дар сурати баҳрабардорӣ аз тарҳи КАСА -1000 дар соли 2020 амалан Тоҷикистон ба унвони содиркунанда ва Покистон ба унвони харидори барқ боқӣ хоҳанд монд.
Сармояи иҷрои ин тарҳ беш аз як миллиард доллар баровард шудааст, ки ба таносуб қарор аст аз сӯйи кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон таъмин шавад.