Июл 27, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Нахустин ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон дар сохтмони ҷадид

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон нахустин ҷаласаи худро дар сохтмони ҷадид баргузор кард.

Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон гузорише аз натоиҷи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ироа кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гузориш таъкид кард, тайи ин муддат ҳаҷми тавлиди маҳсулоти нохолиси милли (ММД)-и ин кишвар бо 6 дарсад рушд, ба 24 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар бахшҳои санъат, кишоварзӣ ва хадамот ба назар мерасад.

Вай гуфт, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ бахши даромади будҷаи давлати Тоҷикистон бо ворез шудани 9 миллиарду 300 миллион сомонӣ, 99, 5 дарсад иҷро шудааст, ки 6 миллиард сомонии он аз ҳисоби пардохти молиёт будааст. Аммо мизони молиёти пардохтӣ ба будҷаи давлат танҳо 96,2 дарсад будааст.

 Ҳамчунин дар нишасти ҳайати давлати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни будҷаи давлат барои соли 2017”, ислоҳи Қонуни ҷойгоҳи вилояти худмухтори Бадахшон ва лоиҳаи Қонуни муқаррароти омӯзиши афроди бузургсол тасвиб ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд.

 Сохтмони ҷадиди 12 - табақаии ҳукумати Тоҷикистон биное аст, ки Кумитаи андози ин кишвар бо маблағи 135 миллион сомонӣ тайи солҳои 2015 – 2016 барои худ сохта буд, аммо баъдан ин сохтмон ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва ҳайати вазирони Тоҷикистон вогузор шуд.