Июл 29, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиарду 300 миллион доллар расид

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки қарзи хориҷии ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба ду миллиарду 300 миллион доллар расида, ки бо 35.8 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон (ММД) баробар аст.

Ба гузориши сайти Вазорати молияи Тоҷикистон, ин мизон қарз дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 26 миллион доллар афзоишро нишон медиҳад.

Дар ин муддат барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон 84 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо шудааст.

Қаблан Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон гуфта буд, ки сақфи ниҳоии қарзҳои хориҷӣ набояд аз 40 дарсади тавлиди нохолиси миллӣ фаротар равад, зеро кишварро бо хатари варшикастагӣ рӯбарӯ мекунад.

 Вай таъкид карда буд, ки барои бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар дар соли 2017 як миллиарду 700 миллион сомонӣ (муодили 220 миллион доллар) дар назар гирифта шудааст.

 Ба гуфтаи Абдусалом Қурбониён, ба далели боло будани қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар солҳои 2016 то 2019, ки замони бозпардохти вомҳои хориҷӣ аст, ҷазби кӯмакҳои молии хориҷӣ танҳо барои тарҳҳои муҳим имконпазир аст, аз ин рӯ ҳеҷ ниҳоди давлатӣ ҳақ надорад бидуни мувофиқати ҳукумати марказӣ аз хориҷ вом дарёфт кунад.

 

Барчасп