16-уми август парвози нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Макка
Июл 29, 2017 15:48 Asia/Dushanbe
Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон аз эъзоми нахустин гурӯҳи зоирони ин кишвар ба Макка дар шонздаҳуми август хабар дод.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Форс, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон гуфт, аввалин ҳавопаймои ҳомили зоирони тоҷик 16 август аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои адои маносики ҳаҷ ба Макка парвоз хоҳад кард.
Давлатзода афзуд, ширкатҳои ҳавоии дохилии “Тоҷик Эйр”, “Сомон Эйр” ва ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ, имсол интиқоли шаш ҳазор зоири тоҷикро бар ӯҳда доранд.
Ба гуфтаи Давлатзода, баҳои сафари ҳаҷ барои зоирони тоҷик имсол 32 ҳазору 600 сомонӣ (3 ҳазору 700 доллар) муайян шудааст.