Июл 30, 2017 09:40 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи кӯмаки Фаронса ба бонкҳои Тоҷикистон барои хурӯҷ аз буҳрон

  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва сафири Фаронса дар Душанбе мавзӯи ҳамкориҳои бонкӣ, миёни ин ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сойти Бонки миллии Тоҷикистон, дар дидори Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва хонум Ёсуман Гуэдар дар бораи равобити иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Фаронса, дӯрнамои ҳамкориҳои бонкии ин ду кишвар ва эътои тасҳилот ба бахшҳои хусусӣ баҳсу табодули назар шуд.

  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ин дидор гуфтааст, ки равобити иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвар бо Фаронса дар се соли ахир, дар ҳоли афзоиш будааст.

  Ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода мизони тиҷорати хориҷии ду кишвар дар соли 2014, беш аз се миллиону 300 ҳазор доллар, дар соли 2015, ҳашт миллиону  300 ҳазор доллар ва дар соли 2016, 11 миллиону 200 ҳазор доллар будааст.

  Сафири Фаронса низ дар ин дидор аз омодагии кишвараш барои густариши равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва бавижа кӯмак ба бонкҳои Тоҷикистон барои хурӯҷ аз буҳрони молӣ хабар додааст.

  Вай таъкид кардааст, ки Фаронса барои баргузории намоишгоҳи санъатии хеш дар Тоҷикистон, дар соли 2018 омода мешавад.

 

 

Барчасп