Июл 30, 2017 10:36 Asia/Dushanbe
  • Манофеи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон дар мубодилаи барқ

  Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ мӯътақид аст, мувофиқати Тоҷикистон ва Узбакистон барои азсаргирии фаъолияти шабакаи ягонаи барқи минтақа, аз манофеи муштараки ин ду кишвар барои муовизаи барқ ҳикоят мекунад.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз Спутник, Станислав Притчин гуфтааст, ки пас аз солҳо ихтилофи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон акнун Душанбе ва Тошканд бо дарки ин воқеият, ки аз саргирии фаъолияти шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ метавонад, паёмадҳои ногувори буҳрони камбуди барқро дар фасли сармо коҳиш диҳад, аз ин иқдом ҳимоят кардаанд.

  Ба гуфтаи вай дар сурати бозсозии хутути тахриб шудаи шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон метавонад дар фасли тобистон ба Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон барқ содир ва камбуди барқ дар фасли сарморо аз маҳалли воридот аз ин кишварҳо ҷуброн кунад.

  Давлати Узбакистон дар соли 2009 бо тахриби хатти 500 киловаттии фишори қавӣ аз истгоҳи Регари Тоҷикистон, то шаҳристони Ғузор дар дохили хоки худ, имкони муовизаи барқ дар фаслҳои тобистон ва замистон миёни кишварҳои Осиёи Марказиро аз байн бурд.

 Акнун мақомоти давлати ҷадиди Узбакистон ба далели камбуди барқ дар ин кишвар талошҳоеро барои бозсозии дубораи хутути интиқол барқи Осиёи Марказӣ оғоз кардаанд.

 Мақомоти вазоратхонаи энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон, низ ба тозагӣ аз омодагии худ барои фаъолияти дубораи шабакаи барқи Осиёи Марказӣ хабар додаанд.

 

Барчасп