Камбуди мусофир дар хатсайри Душанбе-Тошканд
(last modified Mon, 31 Jul 2017 12:38:09 GMT )
Июл 31, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Камбуди мусофир дар хатсайри Душанбе-Тошканд

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз камбуди мусофирон дар хатсайри Душанбе-Тошканд хабар дод.

Ба иттилои “Озодагон”, Худоёрзода имрӯз 31 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ду ҷониб “Узбакистон ҳаво йуларӣ” ва “Сомон Эйр” иҷозатномаи 2 парвоз дар як ҳафтаро гирифтаанд: “Аммо ба далели камбуди мусофирон “Узбакистон ҳаво йулларӣ” низ ҳамагӣ ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе парвоз анҷом дода истодааст”.

Вазири нақлиёт гуфт, феълан созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистон ба имзо нарасидааст ва парвозҳо дар асоси протокол амалӣ мешаванд: “Созишнома бо тамоми ниҳодҳо ҳамоҳанг шуд ва лоиҳаи он бо қарори ҳукумат тасдиқ гардид. Дар банди қарори ҳукумат муайян шудааст, ки макон ва вақти имзои созишнома дақиқ шавад”.

Худоёрзода мегӯяд, ки дар пайи анҷоми тамоми расмиёт “Сомон Эйр” низ парвозҳоро амалӣ хоҳад кард.