Сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон маҳдудият надоранд
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, барои фаъолияти ширкатҳои эронӣ ҳеч маҳдудияте нест.
Ба иттилои сайти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси ин кумитадар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, баръакс Тоҷикистон ҳавасманд аст, то соҳибкорони эронӣ дар иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ кунанд.
Қаҳҳорзода афзуд, ширкатҳои эронӣ имрӯз дар иншоотҳои мо хуб фаъолият доранд.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, онҳо дар тарҳҳои инфрасохтории роҳҳо низ саҳми хело зиёд доранд.
Ба гуфтаи Қаҳорзода, ба қарибӣ бо соҳибкорони Эрон оиди таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе чанд дидор доштанд: Эрониҳо омодагӣ доранд, ки ҳудуди 100 миллион доллар барои таъсиси чунин корхонае дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Ҳоло ин масъала дар сатҳи кумита ва ҳам дар сатҳи мақомоти шаҳри Душанбе дар ҳоли баррасӣ аст.