Август 01, 2017 11:06 Asia/Dushanbe
  • Ширкати донишмандони тоҷик дар ҳамоиши Бедил дар Панҷоби Ҳинд

Бо ибтикори Анҷумани равобити фарҳангии Ҳинд (ISSR) дар Донишгоҳи Панҷоб, воқеъ дар шаҳри Чандигарҳи кишвари Ҳиндустон Ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ӯ» доир гардид.

Ба иттилои Ховар, дар кори он бедилшиносон аз кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон, Афғонистону Эрон ва Ҳиндустон ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Насиба Содиқова ва сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод намояндагӣ намуданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш меҳмонон Бедилро аз ифтихороти на танҳо форсизабонон, балки мардуми Ҳинд низ унвон намуданд. Таъкид гардид, ки воқеан мероси адабии ӯ имрӯз ҳам ба таҳқиқу баррасии амиқтар ва ҳам тарҷума ниёз дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории ҳамоиши байналмилалӣ бар асоси ашъори Бедил таҳти унвони «Тарзи Бедил» барномаи консертӣ ва ҳамзамон бар пояи рӯзгор ва осори суханвар бо номи «Достони Бедил» бо забонҳои тоҷикӣ ва урду спектакл намоиш дода шуд.