Август 02, 2017 08:59 Asia/Dushanbe
  • Далелҳои коҳиши тавлиди алюминий дар Тоҷикистон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон яке аз далелҳои коҳиши тавлиди маҳсулот дар корхонаи алюминийи ин кишвар (ТАЛКО)-ро осеби воридшуда дар пайи қатъ шудани интиқоли барқ ба ин ширкат ва аз кор афтодани кураҳо (дег)-и гудохти маводи аввалия дар шаби 28-уми октябри соли 2016 ном бурд.

Ба гузориши сайти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар корхонаи алюминийи ин кишвар 49 ҳазору 500 тон маҳсул тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 32,3 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Вай иллати аслии коҳиши тавлиди алюминий дар ин корхонаро осеби воридшуда дар шаби 28-уми октябри соли 2016 эълом кард, ки бар асари қатъи барқи 40 кураи гудохти маводи аввалия аз кор афтод.

Ба гуфтаи Ҳикматуллозода, барои иваз кардани ин таҷҳизот ниёз ба сармояи изофӣ ва замон вуҷуд дорад. Зеро арзишb ҳар як аз ин кураҳо 200 ҳазор доллар аст ва таъвизи ин таҷҳизот низ замонбар хоҳад буд.

Ба гуфтаи мақомоти иқтисодии Тоҷикистон, барои иваз кардани ин 40 кураи гудохти маводи аввалия дар корхонаи алюминийи Тоҷикистон ниёз ба 8 миллион доллар сармоя вуҷуд дорад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид кард, мудирияти корхонаи алюминий тааҳҳуд додааст, ки дар соли ҷорӣ тавлиди маҳсулро ба 148 ҳазор тон бирасонад.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО) аз зарфияти тавлиди 500 ҳазор тон маҳсулот дар сол бархурдор аст, ки дар солҳои ахир ба далоили мухталиф танҳо қодир ба тавлиди беш аз 100 ҳазор тон алюминий будааст.

 Қатъи гази содиротии Узбакистон, коҳиши қимати алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва камбуди маводи аввалия ҳамроҳ бо қарзҳои физояндаи барқи масрафӣ боиси коҳиши тавлиди маҳсулот дар ин корхона шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қимати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ дар ин корхона нисбат ба бахши хонагӣ беш аз 10 дарсад арзонтар аст.