Август 02, 2017 09:26 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби “Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ” дар Тоҷикистон

Китоби кӯмакдарсии “Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ” ба кӯшиши донишмандони риштаи адабиёт аз сӯйи Маркази пажӯҳишҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои донишомӯзони мактабҳои миёнаи умумиии ин кишвар ба хатти крилӣ дар шаҳри Душанбе мунташир шуд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, ба муносибати бистумин Cолгарди Ваҳдати Миллӣ ва Соли Ҷавонон дар Тоҷикистон, китоби “Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ” ба кӯшиши Шарофиддин Исрофилниё ва хонуми М. Султонмуҳамадова, аз кормандони Маркази пажӯҳишҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, барои дарки осони маънӣ ва ҳикматҳои ашъори ин шоири пуровозаи эронӣ мунташир шуд.

Таҳиякунандагони ин китоб дар муқаддимаи ин асари адабӣ таъкид кардаанд, ки бар асоси барномаи омӯзиши адабиёти куҳани порсӣ- тоҷикӣ дар синфҳои панҷум то ёздаҳум дар мактабҳои миёнаи умумии Тоҷикистон, тадриси осори бузургони шеъру адаби порсӣ ба унвони роҳнамои донишомӯзон ба сӯйи маърифат ва илм дар назар мебошад.

Аз ин рӯ, ҳадаф аз интишори китобҳое назири “Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ” баёни содда ва равони маъниҳои осори ин шоири баландовоза аст, ки дар миёни тоҷикон ба унвони “Устоди Сухан” ва устоди ҳикматҳои зиндагӣ шӯҳрат дорад.

Китоби “Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ” шашумин асари адабии кӯмакдарсӣ барои донишомӯзони мактабҳои миёнаи умумии Тоҷикистон аз сӯйи интишороти “Нигор” ба чоп расидааст.