Август 02, 2017 12:38 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Эрон дар бораи нерӯгоҳи Сангтӯда -2 мушкиле надоранд

Раиси ширкати Барқи Тоҷик гуфт, Тоҷикистон бо Эрон дар мавриди пардохти маблағи нерӯгоҳи обии Сангтӯда - 2 мушкиле надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати Барқи Тоҷик дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: “Мо бо Эрон дар робита бо пардохти маблағҳои нерӯгоҳи обии Сангтӯда- 2 ҳеҷ мушкиле надорем”.

Вай афзуд, қарзи ширкати Барқи Тоҷик барои сохти нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ба 62 миллион доллар расидааст ва ин қарз бар асоси нақша пардохт хоҳад шуд.

Исмоилзода гуфт, ин ҷадвал дар чорчӯби фаъолияти комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расидааст.

Ин масъули баландпояи ширкати Барқи Тоҷик афзуд: “Дар сурати беҳбуди вазъи молии ин ширкат мо тамоми қарзҳоро тибқи барнома пардохт хоҳем кард”.

Нерӯгоҳи обии Сангтӯда- 2, ки бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар сармоягузории Тоҷикистон сохта шудааст, дар ибтидо қарор буд барои 12 сол дар ихтиёри Эрон бимонад, аммо дар соли 2014 эълом шуд, ки ин мӯҳлат 2 соли дигар тамдид мешавад.

 

Барчасп