Август 03, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Тамрини ҷангандаҳои русӣ барои дифоъ аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон

Ҳавопаймоҳои ҷангии раҳгирии "МИГ 31 ВМ"-и Русия аз пойгоҳи ҳавоии вилояти Перм дар маркази ин кишвар бо парвоз бар фарози Тоҷикистон ва Қирғизистон амалиёти раҳгирии ҳамлаҳои ҳавоии душмани фарзиро тамрин карданд.

Ба гузориши сайти Спутник, сарҳанг Ерослав Рошупкин сухангӯи ҳавзаи низомии марказии Русия гуфта аст, ки ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо парвоз дар баландии 5-ҳазорметрӣ, амалиёти ҳифозат аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва низ дифоъ аз пойгоҳҳо ва таъсисоти низомии Русия дар қаламрави ин ду кишварро муқобили ҳамлаҳои ҳавоии душмани фарзӣ тамрин карданд.

Ҳавопаймои ҷангии раҳгирии "МИГ 31 ВМ"-и Русия ба таҷҳизоти пешрафтаи мушоҳидаи аҳдофи ҳавоӣ дар баландии зиёд ва аз фосила 320-километрӣ муҷаҳҳаз ва аз имкони раҳгирии ҳамзамони 10 ҳадафи ҳавоӣ бархурдор аст.

 

Барчасп