Ҳайати расмии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ ширкат мекунад
Ҳайати расмии Тоҷикистон бо сарпарастии вазири энержӣ ва захоири оби ин кишвар дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Эрон ширкат хоҳад кард.
Ҳайати расмии Тоҷикистон бо сарпарастии Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби ин кишвар дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, ки қарор аст, 5 августи соли ҷорӣ дар парлумони ин кишвар баргузор шавад, ширкат хоҳад кард.
Рамазон Мирзоев, сафири собиқи Тоҷикистон дар Эрон дар ин бора гуфт, ширкати ҳайати расмии Тоҷикистон дар маросими таҳлифи Рӯҳонӣ метавонад ба рафъи ихтилоф дар равобити феълии миёни ду кишвар кумак кунад. Ӯ дар идома гуфт, равобити Тоҷикистону Эрон ихтилофоти ҷиддию усулӣ вуҷуд надорад ва мушкилоти феълиро метавон аз тариқи музокироти дуҷониба ҳаллу фасл кард.
Ширкати ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Эрон дар ҳоле аст, ки 4 сол қабл дар ин маросим ҳайати ин кишвар бо сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон ҳузур пайдо карда буд.
Усмоналӣ Усмонзода ҳамзамон раёсати Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Эронро низ ба уҳда дорад.