Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар панҷумин Ҳамоиши ҳамкориҳои Чину Осиёи Марказӣ
Ҳайати Тоҷикистон таҳти риёсати муовини нахуствазири ин кишвар дар панҷумин Ҳамоиши ҳамкориҳои Чину кишварҳои Осиё Марказӣ ширкат кард.
Ҳайати Тоҷикистон бо раёсати Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар панҷумин Ҳамоиши ҳамкориҳои Чину кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Лянюнгани вилояти Сянзу баргузор шуд, ҳузур ёфт. Дар чорчӯби ин ҳамоиш Азимов суханронӣ ва ҳамчунин бо Ван Чин Мин, муовини раиси Кумитаи шӯрои машваратии сиёсии Чин, Ву Занглунг, фармондори вилояти Сянзу ва Синг Сулунг, шаҳрдори шаҳри Лянюнган дидору гуфтугӯ кард. Муовини нахуствазири Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомоти Чин дурнамои ҳамкориҳои ин кишварро бо Пекин мавриди баҳсу табодули назар қарор дод. Тақвияту густариши равобити дуҷонибаи мушорикати стратегӣ, тавсеаи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, равобити байниминтақаӣ, густариши ҳамкорӣ дар арсаи омӯзишу парвариш ва фарҳанг аз ҷумлаи масоили меҳварие мебошанд, ки дар ин дидорҳо баррасӣ шуданд.
Дар ин ҳамоиш ҳайатҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва истифода аз фурсати матлубу муҳим барои рушди лоияҳаи «Камарбанд-ҷода» барои дастёбӣ ба тавсеаи бештар эълом карданд.