Август 04, 2017 18:56 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои муштараки тиҷории Тоҷикистону Узбакистон ташкил мешавад

Раисони утоқҳои бозаргонии Тоҷикистону Узбакистон барои ташкили Шӯрои муштараки тиҷории ду кишвар тавофуқ карданд.

Ба гузориши сойти Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон, Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон дар сафаре ба Тошканд бо Адҳам Икромов, ҳамтои узбаки худ дидору гуфтгӯ кард. Дар ин мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои утоқҳои бозаргонии ду кишвар дар чорчӯби Шӯрои тиҷории Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин масоили марбут ба созмондиҳии нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Тошканд мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт. Саид дар ин дидор гуфт, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Тошканд тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодию илмӣ бар асоси усули баробарию манофеи мутақобил, эҷоди ширкатҳои муштарак, ҷустуҷӯи шарикони тиҷорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, фанновариҳои навин, афзоиши рақобатпазирии содироту гардиши мол, ривоҷ додани мушорикати тиҷории ду кишвар, ташкили ҷойҳои кор ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум аст. Ӯ афзуд, дар намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки қарор аст, дар пойтахти Узбакистон баргузор шавад, тавлидкунандагони тоҷик техникаи сохтмонӣ, саноати нур, маводи ғизоӣ, нассоҷӣ, маъдан, саноати фӯлод ва саноати дастиро ба намоиш мегузоранд. Саид хотирнишон кард, дар чорчӯби ин намоишгоҳ бо ҳадафи баррасии тақозо, шиносоии маҳсулоти кишвари ҳамсоя ва мутолиаи бозори маҳаллӣ ҳамоиши тоҷирони ду кишвар баргузор мешавад. Раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, дар ин ҳамоиш тавофуқоти мутақобилан судманд миёни тоҷирони ду тараф имзо мешавад.

Дар поёни нишаст тарафайн дар заминаи ташкили Шӯрои муштараки тиҷории Тоҷикистону Узбакистон бо ҳадафи эҷоди танаввӯъ дар содироту воридоти миёни ду кишвар тавофуқ карданд.