Август 04, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ноиби раиси ECOSOC шуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба унвони ноиби раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ интихоб шуд.

Ба навиштаи сойти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳаммадамин Муҳаммадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба унвони ноиби раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб шуд. Номзадии Муҳаммадамин Муҳаммадаминов аз сӯи аъзои гурӯҳи Осиё ва уқёнуси Ороми Созмони Милали Муттаҳид, ки 55 кишварро ташкил медиҳанд, пешниҳод шудааст.

Бояд гуфт, дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 соли узвияти ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ин барои нахустин бор аст, ки намояндаи Тоҷикистон ба чунин унвони муҳиме дар ниҳодҳои асосии СММ даст меёбад. Ҳамчунин намояндаи доимии Чехия (гурӯҳи кишварҳои Аврупои Шарқӣ) ба унвони раис ва намояндагони доимии Белгия (гурӯҳи кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва ғайра) ва Сент-Винсент ва Градин (Saint Vincent and the Grenadines, гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ) ба унвони муовинони раиси ECOSOC барои иҷлоси соли 2018 интихоб шуданд.