Даъвати Сайёфи Мизроб аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон
Вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, нахустин ҳукмҳои Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби парвандаи пурсарусадои фасодӣ молӣ, хабари гуруснанишинии генерали зиндонӣ Ғафор Мирзоев, нигаронӣ аз адами вуҷуди тафакури миллии тоҷикӣ ва баррасии хатароти эҳтимолӣ аз афзоиши қарҳзои ҳангуфти Чин ба Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтарин матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Дар ҳафтаи ҷорӣ аксари нашрияҳои чопи Душанбе, аз ҷумла нашрияии расмии “Ҷумҳурият” посухи Абдуллои Раҳнамо, таҳлилгари Маркази мутолеоти роҳбурдии Тоҷикистонро ба Саидрасули Мӯсавӣ, сафири собиқи Эрон дар ин кишвар чоп кардаанд. Саидрасули Мӯсавӣ қаблан дар саҳифааш дар “Телеграмм” навишта буд, ки дар як мулоқот дар Бомиёни Афғонистон намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ҳатто як далели кӯчактарин дар бораи ба терроризм рабт доштани Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби мамнӯъшуда дар Тоҷикистон оварда натавонистанд.
Абдуллоҳи Раҳнамо дар посухаш эътироф кардааст, ки ҳамсуҳбати Мӯсавӣ дар Бомиён ӯ буд, вале он ҷо ба на ҳайси намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, балки чун пажуҳишгар ширкат доштааст. Абдулло Раҳнамо дар ин нома ба таври муфассал ба ҳама эродҳои Мусавӣ посух гуфта, дар фарҷом таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон касе мухолифи доштани робитаҳои дӯстона, баробар ва дар асоси манфиатҳои дуҷониба бо Эрон нест, зеро таъриху фарҳанг ва манфиатҳои муштараки ду кишвар барои касе пӯшида нест. Раҳнамо дар муроҷиат ба Мусавӣ гуфтааст, ки набояд баҳсу ҳалли масоили ду кишварро ба расонаҳо кашид, зеро ин мавзӯъ аз тариқи сомонаю “Фейсбук”-у “Телеграмм” ҳал намешавад, балки барои чунин муколама зарур аст, ки дур аз фитнаи расонаҳо дар як муҳити осудаи корӣ бо як самимияти инсонию мантиқи солим бо ҳам нишаста, рӯи масъалаҳои мавҷуда суҳбат шавад.
Нашрияи «Озодагон» дар матлабе навишт, ки Тоҷикистон 16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эронро барои истифода ё корбурд дар забони тоҷикӣ напазируфтааст. Ин вожаҳо соле қабл, ҳангоми баргузории як нишаст дар Душанбе аз тарафи Теҳрон ба ҷониби Душанбе супурда шуда буд. Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин кишвар ба ҳамаи ин вожаҳо эҳтиёҷ надорад ва дар сурати ҳатто қабул шудани як қисми он меъёри истифодаи онҳо дар забони тоҷикӣ ҳатмӣ нест. Дар робита ба ин масъала нашрия аз коршиносон суол кардааст, ки чаро вожаҳои пешниҳодии Эронро Тоҷикистон напазируфт?
Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони расонаҳои иҷтимоӣ аз ин амалкарди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон шадидан интиқод карда афзудааст, ки ҳамон 16 ҳазор вожаи пешниҳодшуда дар забони офарандагони ин забон дар Теҳрону Душанбе, Кобулу Тошканд ва Бухорову Самарқанд ҷорӣ асту ба ҳеҷ муҷаввиз ниёз надорад. Абдулқодири Алавӣ, шоири тоҷик дар ин замина гуфтааст, ки эҳтимол ин иқдом ба сатҳи феълии равобити миёни Тоҷикистону Эрон рабт дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди он ки душманони ин ду кишвар намехоҳанд равобити Тоҷикистону Ирон хуб шавад, аммо дер ё зуд ин вожаҳо пазируфта хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, Саодатшо Матробиён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтааст, ки айни замон ҷилди якуми вожаҳои эронӣ таҳия шудааст, ки вожаҳои арсаи тибро фаро мегирад. Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон «Фарҳанги тиббӣ» дорад ва он аз ҷониби мутахассисон дар асоси осори классикон таҳия шудаву ин ҳазор вожаи эронӣ танҳо як ёрирасон аст.
Рузномаи “Имрӯз нюз” дар саҳфаи авввали хеш менависад, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ду нафар аз муттаҳамони парвандаи пурсарусадои фасоди молиро ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардааст. Ба навиштаи ин нашрия, Додгоҳи Олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасод ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси гумруки Хуҷандро ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ин манбаъ менависад, Давлатбек Хайрзода ва Фаридун Беназирзода бо иттиҳоми гирифтани ришва ба миқдори калон гунаҳкор дониста шудаанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҳукми додгоҳ алайҳи ин афрод ба иҷро надаромадааст ва маҳкумшудагон фурсат доранд, дар тӯли даҳ рӯз аз ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.
Бояд гуфт, баррасии парвандаи даҳ корманди боздоштшудаи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 19-уми июли соли ҷорӣ дар Додгоҳи Олии ин кишвар оғоз шуда буд. Дар миёни боздоштшудаҳое, ки ду нафари онҳо ба беш аз даҳсолӣ ба зиндон маҳкум шуданд, ҳамчунин се корманди Хадамоти гумрук ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ ҳатсанд, ки қаблан дар Ожонси мубориза бо фасод кор мекарданд.
Ҳафтаномаи “Самак” дар саҳфаи аввали хеш навишт, Ғаффор Мирзоев гуруснанишинӣ эълон кард. Ба навиштаи ин ҳафтанома наздикони Ғаффор Мирзоев, ки бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, гуфтаанд, ки ӯ ба нишони эътироз бинобар бозбинӣ нашудани парвандааш даст ба гуруснанишинӣ задааст. Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев ба расонаҳо гутфааст, ки Ғаффор Мирзоев ба унвони раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон нома навишта гуфта буд, ки агар посухе дарёфт накунад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад. Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш ба ин бовар аст, ки номаҳояш ба раисҷумҳур ва дастгоҳи ӯ намерасанд, вагарна бархӯрд ба ӯ бояд дигар мешуд.
Ғаффор Мирзоеви 61-сола то замони зиндонӣ шуданаш дар соли 2006 сарварии ниҳодҳои мухталифи ҳукуматро ба уҳда дошт. Аз ҷумла ӯ дар мақомҳои фармондеҳи Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Мирзоев моҳи августи соли 2004 боздошт шуд ва Додгоҳи Олӣ баъди ду соли баррасии парвандааш ӯро ба ҳабси абад маҳкум намуд. Генерали собиқ Ғаффор Мирзоев ба ҷурми қасди табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин гунаҳкор дониста шудааст.
Нашрияи “Озодагон” дар матлаби таҳлилие зери унвони “Фикри фикри тоҷириро кӣ мекунад?” мавзӯи рушд ва ташаккули андешаву тафаккури миллӣ дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Муаллиф дар ин матлаб менависад, вақте чораву дармони ин мушкилро меҷӯем ба ин натиҷа мерасем, ки бояд муҳите дошта бошем ва ё шакл бидиҳем, ки фикрзо шавад ва василҳоеро, ки фикрзову фикрсоз ҳастанд, истифодаи дуруст кунем. Ба гуфтаи муаллиф, бояд дар донишгоҳҳо, Академияи улум, мактабҳо, расонаҳо ва дигар ниҳодҳои фикрию тадқиқотӣ фазое вуҷуд дошта бошад, ки бар асоси дастовардҳову донишу таҷрибаи ҷаҳони муосир барои самт гирифтани фикри миллӣ, ки ниҳояти он саодат ва озодагии миллату давлат аст, мусоидат кунад. Муаллиф меафзояд, дар ғайри сурат, бидуни талошҳо барои ҳоким кардани фикри тоҷикӣ, бидуни барномарезӣ кардани роҳбурду роҳкорҳои илмию ҳисобшуда намешавад ва имкон надорад, ки бар асоси идеологияи шабакаиаввалӣ роҳи наҷотро таъйин кард.
Нашрияи “СССР” дар матлабе аз таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар бархе расонаҳои хориҷии тоҷикзабон шадидан интиқод кардааст.
Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР” дар ин матлаби хеш менависад, ки бархе расонаҳои хориҷии муқими Душанбе бидуни шарму ҳаё ба таблиғи ҳамҷинсгароӣ даст зада, чун дидаанд, ки касе ба онҳо посух надод, фаъолияти хешро тавсеа бахшидаанд. Муаллифи матлаб аз тамоми созмонҳои журналистиии Тоҷикистон даъват кардааст, ки мунсаҷим шуда, ба чунин талиғот сад гузошта, фаъолияти ба истилоҳ он журналистонеро, ки аз хориҷа истода ҳамҷинсгароиро бешарафона таблиғ мекунанд, хунсо намоянд.
Нашрияи русзабони чопи Душанбе “Азия-плюс” дар матлабе мавзӯи афзоиши кумакҳои молии Чин ба Тоҷикистонро матраҳ карда, суол гузоштааст, ки “ба ивази ин ҳама миллионҳо Тоҷикистон ба Чин чӣ хоҳад дод?”. Муаллиф зимни ишора ба хабари ахир дар мавриди он ки Чин барои бунёди бинои нави парлумони Тоҷикистон ба ин кишвар 230 миллион доллар кумаки биоиваз ҷудо мекунад, навиштааст, айни замон 52 дарсади қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меояд. Собир Ҳомидов, сиёсатшинои тоҷик ба нашрия гуфтааст, ки Чин Тоҷикистонро ба василаи қарзҳои боимтиёз ва кумакҳои молӣ барои тақвияти нуфузи хеш дар кишварҳои минтақа дар баробари дигар абарқудратҳо истифода мекунад. Аз сӯи дигар Илҳом Нарзиев, шореҳи масоили сиёсӣ дар ин замина гуфтааст, ки Чин бо назардошти авзои Афғонистон талош дорад, ба ин васила барои таҳкими суботу амният дар кишварҳои ҳамарзаш мусоидат кунад.