Август 06, 2017 09:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Шаҳритус ва Қубодиён

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо мақомот ва намояндагони мардуми ду ноҳияи Шаҳритиус ва Қубодиёни вилояти Хатлон аз ин, ки ҷавонони ин минтақа ҳамчунон ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ гароиш доранд, ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сайти иттилорасонии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор афродеро, ки дар Сурия ва Ироқ ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд, "хоинони ватан" хонд ва рафтори ононро падидае нангин донист.

Раҳмон гуфт: Аз ноҳияи Қубодиён 80 нафар, аз ҷумла аъзои 9 хонавода ва аз ноҳияи Шаҳритус 79 нафар бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ дар даргириҳои мусаллаҳона мушорикат мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар шароити печидаи сиёсии минтақа, маҳфилҳои тамаъҷӯ ва муғриз ба ҷазби ҷавонони ноогоҳ ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ иқдом мекунанд, ки ин масъала сабаби куштори ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳ дар ин даргириҳо мешавад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомот ва намояндагони мардуми ду ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиён хост, бо истифода аз роҳкорҳои таблиғотӣ аз идомаи раванди пайвастани ҷавонони ин манотиқ ба гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ кунанд.