Август 06, 2017 15:54 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳо барои занони ҳиҷобпуш дар Тоҷикистон

Ба рағми мушкилоти мутааддид ва фазояндаи иқтисодӣ ва молӣ ва густариши фақр дар Тоҷикистон, давлати Душанбе фишорро бар бонувони дорои пушиши исломӣ шиддат додааст.

Расонаҳои хабарӣ гузориш додаанд, коргурӯҳҳои вижаи муқобила бо ҳиҷоб дар пойтахти Тоҷикистон, бонувони муҳаҷҷабаро ба ҷаримаи молӣ таҳдид мекунанд. Хабарҳои дигар ҳокӣ аст, полис дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон аз бонувони дорои пушиши исломӣ мехоҳанд, ки ҳиҷоби худро бардоранд.

Талошҳои давлати Душанбе барои ҳиҷоби бонувони тоҷик дар шароите сурат мегирад, ки ҳокимияту мардуми Тоҷикистон даргири мушкилоти мутааддиде ҳастанд. Аз ҷумлаи ин мушкилот метавон ба ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва дар сутуҳи болоии ҳокимияти Душанбе ишора кард .

Дар айни ҳол, раванди афзоиши фақр дар Тоҷикистон низ матраҳ аст ба тавре, ки бахше аз ҷомеаи Тоҷикистон, дар зери хатти фақр ба ҳаёти худ идома медиҳанд. Дар воқеъ, бо вуҷуди мушкилоти мутааддиди дохилӣ бавижа дар бахшҳои молӣ ва иқтисодӣ-ки ҳалли онҳо як зарурати асосӣ барои ҳокимияти Душанбе қаламдод мешавад -мақомҳои тоҷик ҳамчунон ба мавзуоти ҳошияӣ монанди маҳдуд кардани ҳиҷоб дар ҷомеа тамоюл доранд .

Изҳори назарҳои паёпаи мақомҳои Душанбе дар мухолифат бо пушиши исломӣ ва бегона хондани он, ин ҳақиқатро исбот мекунад, ки тамоюл ба ҳифзи ҳиҷоб барои бонувони тоҷик аз авлавият бархурдор аст. Аммо дар муқобили ин тамоюли фазояндаи мардум ба риояти одоби исломӣ ва бозгашт ба асли худ, давлатмардони Тоҷикистон ба муқобила бо ҳиҷоби бонувон мепардозанд.

Ин тавр ба назар мерасад, давлати Душанбе қасд дорад афкори умумиро аз мушкилоти асосӣ ҳамчун фақр, бекорӣ ва фасод ба сӯи масоили ҳошияӣ ва камаҳаммият чун наҳваи пушиши занони ин кишвар маътуф кунад. Ин дар ҳолест, ки афзоиши фақр бо афзоиши ҷурму ҷиноят робитаи мустақим дорад ва дар ҳақиқат, давлатмардони Тоҷикистон агар нигарони авзои амниятии кишвар ҳастанд, бояд бо фақру фасод мубориза кунанд .