Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи шаҳрвандони Русия ба иттиҳоми сабти иқомати коргарони тоҷик
(last modified Mon, 07 Aug 2017 04:00:32 GMT )
Август 07, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи шаҳрвандони Русия ба иттиҳоми сабти иқомати коргарони тоҷик

Мақомоти додситонии Русия дар ду мавриди ҷудогона алайҳи шаҳрвандони ин кишвар ба иттиҳоми сабти иқомати ғайри муҷози коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, парвандаи ҷиноятӣ ташкил кардаанд.

Ба гузориши сойти Спутник, дар мавриди нахуст як сокини шаҳри Нижний Новгород, дар моҳи апрели соли 2017 дар баробари дарёфти маблағи ҳашт ҳазор рубл иқдом ба сабти ғайри муҷози иқомати чаҳор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ кардааст.

Мақомоти додситонии Русия мегӯянд, ки ин шаҳрванд дар хонаи хеш бо сабти номи ғайри муҷози чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар зоҳир барои пайдо кардани ҷойи кор ба ин афрод кумак кардааст, ки онон ҳеҷ гоҳ дар ин хона зиндагӣ намекардаанд.

Аз ин рӯ, парвандаи ҷинояитии ин шаҳрванди Русия ба иттиҳоми сабти ғайри муҷози иқомати шаҳрвандони хориҷӣ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст.

Дар мавриди дуввум як сокини шаҳри Нижневартовский дар минтақаи Сибири Русия, ба таври ғайри муҷоз иқдом ба сабти иқомати ғайри муҷози 37 нафар аз шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон, Узбакистон ва Украина кардааст.

Ин мавзӯъ аз нигоҳи ҳуқуқӣ нақзи қавонини Русия аст ва ин шаҳрванди рус акнун бояд, дар додгоҳ муҳокима шавад, зеро дар баробари дарёфти маблағ аз ин коргарони муҳоҷир тайи солҳои 2016 то 2017 дар хона хеш, иқомати ғайри муҷози ин 37 нафарро сабт кардааст.

Бар асоси қавонини Русия, шаҳрвандони ҷӯёи кори хориҷӣ бояд дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар ба шарти зиндагӣ дар он макон иқомати худро сабт кунанд ва ин сабти иқомат, заминаи истихдоми ононро фароҳам месозад.