Август 07, 2017 09:32 Asia/Dushanbe
  • Се сол зиндон барои роҳиби калисои протестант дар Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як роҳиби калисои протестант дар маркази вилояти Суғдро ба иттиҳоми ифротгарӣ ба се сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Forum18”, додгоҳи шаҳри Хуҷанд ахиран Баҳром Холматов, роҳиби калисои “Sunmin Sunbogym”, ки қаблан ба иттиҳоми ифротгарӣ боздошт шуда буд, ба се сол зиндон маҳкум кард.

Ин роҳиб моҳи апрели имсол дар пайи бозрасии калисо ва пайдо шудан чанд китоби адабиёти мазҳабии фирқаи протестант дар калисои Хуҷанд боздошт шуда буд.

Дар он замон аъзои фирқаи протестант дар Хуҷанд гуфта буданд, ки дар пайи баста шудани калисои ин гурӯҳ дар ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд дар март 2017, мақомоти амниятӣ ба бозрасӣ аз калисои “Sunmin Sunbogym” дар Хуҷанд иқдом ва Баҳром Холматовро боздошт кардаанд.

Хабаргузории “Forum18”эълом кардааст, ки мақомоти Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон гуфтаанд, пайравони ин фирқаи протестант бидуни муҷаввиз ва доштани асноди сабти ном фаъолият мекарданд ва ба ҳамин далел, калисоҳо ва марокизи марбут ба ин гурӯҳ баста мешавад.

Дар Тоҷикистон пас аз истиқлол, садҳо гурӯҳ ва фирқаи ғайри исломӣ бо вуруд ба ин ҷумҳурӣ ба таъсиси марокизи худ иқдом карданд ва ба таблиғи афкори оинҳои мухталиф миёни тоҷикон машғул ҳастанд.

Бар асоси Қонун озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2009 тасвиб шудааст, пайравони фирқаҳои ғайри исломӣ бо доштани 10 узв метавонанд аз Кумитаи давлатии умури динии ин кишвар муҷаввизи фаъолият дарёфт намоянд.

 

 

Барчасп