Вазорати дифои Тоҷикистон хабари интиқоли нерӯ ба шимоли ин кишварро рад кард
(last modified Tue, 08 Aug 2017 06:17:53 GMT )
Август 08, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Вазорати дифои Тоҷикистон хабари интиқоли нерӯ ба шимоли ин кишварро рад кард

Сухангуи Вазорати дифои Тоҷикистон хабари мунташиршуда дар бархе аз расонаҳоро дар бораи интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ аз ҷануби ин кишвар ба вилояти Суғд беасос унвон кард.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Фаридун Муҳаммадализода гуфтааст, ки дар нимаи дуввуми моҳи августи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, размоиши низомии нерӯҳои мусаллаҳи мустақар дар ин минтақа баргузор мешавад, ки ҷадвали ин барнома аз қабл тадвин шуда буд .

Вай таъкид кардааст, ки дар ҷарёни ин размоиши низомӣ, равишҳои дифоъ дар баробари таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ, иртиқои тавони размии нерӯҳои захира ва роҳкорҳои сафарбаркунии имконот ва таҷҳизоти низомӣ дар шароити изтирорӣ тамрин хоҳад шуд .

Ба гуфтаи сухангуи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин размоиш мавзуи ҳамоҳангӣ ва ҳамкории воҳидҳои низомии вобаста ба ин вазорат ва дигари сохторҳои интизомӣ ва амниятии фаъол дар қаламрави вилояти Суғд баррасӣ хоҳад шуд.  

Фаридун Муҳаммадализода таъкид кардааст, ки ин размоиш танҳо бо мушорикати нерӯҳои мусаллаҳи мустақар дар қаламрави вилояти Суғд баргузор мешавад ва ба интиқоли нерӯ ва адавоти низомӣ аз ҷануби Тоҷикистон ба шимоли ин кишвар ниёзе нест.