Август 08, 2017 13:59 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои русӣ дар Тоҷикистон гурӯҳҳои ҷиноии фарзиро мунҳадим карданд

Низомиёни пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон дар размоише, ба саркуб ва инҳидоми гурӯҳҳои ҷиноии фарзӣ иқдом карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Новости, ин размоиш рӯзи гузашта дар минтақаи Лоҳур дар ҳумаи шаҳри Душанбе баргузор шуд .

Николай Беркалов, сухангуи гурӯҳи нерӯҳои марказии Русия гуфт, дар размоиши низомиёни пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон, ҳудуди 800 афсар ва сарбоз ва беш аз 100 адад адавоти ҷангии шомили ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, болгардҳо ва танкаҳои Т-72 ба кор гирифта шуд.

Пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст .

Ин пойгоҳ бар асосии санаде, ки тавассути Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия имзо шуд, то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд .