Форуми иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад
(last modified Tue, 08 Aug 2017 09:08:32 GMT )
Август 08, 2017 14:08 Asia/Dushanbe
  • Форуми иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷлоси дувуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки қарор аст, дар шаҳри Душанбе 16 октябри 2017 баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин росто таъкид гардид, ки қарори Тоҷикистон дар бораи мизбонии нишасти навбатии Форуми мазкур баёнгари эҳтимоми фазояндаи Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ мебошад.

Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъватномаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ба ӯ дар ҷараёни мулоқоти мазкур супорида шуд, изҳори сипос намуда, иштироки худро дар Форуми Душанбе таъкид кард.