Таъкиди устондори Хуросони Разавӣ бар густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон+ файли савтӣ
Алиризо Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ бар густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиризо Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ, ки баъд аз зуҳри имрӯз ба муносибати рӯзи хабарнигор аз радиои тоҷикии Хуросон боздид кард, бо ёдоварӣ аз дидори ахири худ бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тасреҳ кард, музокироти хубе анҷом гирифт ва қарор шуд, ба зудӣ ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар Машҳад доир шавад .
Устондори Хуросони Разавӣ бо таъкид бар муштаракоти динӣ ва забонӣ ва фарҳангии миёни ду миллат ва алоқаи фаровони тоҷикон ба Хуросони бузург изҳори умедворӣ кард, ки бархе масоил ва кундиҳо дар равобит бо Тоҷикистон рафъ шавад .
Алиризо Рашидиён ҳамчунин бо ишора ба ба зарфиятҳои васеи устони Хуросони Разавӣ дар амри ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон, хоҳархондагии шаҳрҳои Машҳад ва Хуҷандро намунаи боризе аз ҳамкориҳои бародарона ва дӯсонаи миёни Эрон ва Тоҷикистон унвон кард .