Коҳиши маргу мири модарон ва навзодон дар шимоли Тоҷикистон
Мақомоти тандурустии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон аз коҳиши маргу мири модарон ва навзодон хабар доданд.
Фаррух Мақсудзода, раиси бахши тандурустии вилояти Суғд дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд бо эъломи ин хабар таъкид кард, тайи 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ 5 ҳодиса боис ба фавт дар модарон ва 462 фавт дар атфол сурат гирифтааст.
Модарони бордоре, ки ҳангоми таваллуди фарзанд фавт кардаанд, бештар аз ноҳияҳои Гулистон, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва Спитамен будаанд.
Фаррух Мақсудзода ҳамчунин гуфт, комиссияи вижае дар ин маҳаллаҳо ҳодисаи фавти модаронро баррасӣ намуда ва роҳкорҳое барои ҷилавгирӣ аз омилҳои ин падида ироа додааст.
Фавти модарони бордор дар соли 2016 ду маврид ва дар муддати мушобеҳи соли 2015 панҷ маврид камтар шудааст. Маргу мири кӯдакон низ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 наваду ду маврид коҳиш ёфтааст.
Кӯдакон ғолибан ба далели нуқсҳои модарзодӣ ва бемориҳои шадиди танаффусӣ фавт шудаанд.